24 июл 2019
Боз месӯзаму месӯзам боз Пеши ту бо нафаси сӯхтаам. Мекунам даст ба сӯи ту дароз Бо дили шӯхи бадомӯхтаам. Байни ишқи ману ту садде нест, Лек дар қисмати мо садде ҳаст. Байни ишқи ману ту ҳадде нест, Лек дар қисмати мо ҳадде ҳаст. Лаҳзаи бо ту ҷаҳони дигаре, Баъд аз он боз ҷаҳон ёди ту аст. Гар худо дода насибам ҳунаре – Дидани ҳусни худододи ту аст. Ман туро аз ғаму шодии ҷаҳон Бо дили ташнаи худ меҷӯям. Мешавам баҳри ту сад бор хазон, Боз чун сабзаи нав мерӯям Умри ман мегузарад бетаъхир, Лек ҷовид ба сад аҷзу ниёз Рӯҳи норозии ман аз тақдир Мекунад даст ба сӯи ту дароз... !!
мустафо сирочов
3:35